Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Қосим-Жомарт Токаев: “Миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳеч мушкили ҳалнашаванда вуҷуд надорад”
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот намуда, аҳмияти таҳкими муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишварро таъкид кард.
Президенти Қазоқистон ба Созишномаи шарикии страгӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон ишора карда, таъкид намуд, ки санади мазкур марҳилаи нави ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва судманро фароҳам мекунад.
“Мо муносибатҳои дӯстона бо Тоҷикистонро, ки миёнамон ҳеч мушкили ҳалнашаванда вуҷуд надорад, хеле қадр мекунем. Дар Қазоқистон нисбат ба мардуми бародари тоҷик эҳсоси хос вуҷуд дорад. Кишварҳои мо ҳамеша якдигарро дастгирӣ мекарданд ва имрӯз ин дар кӯшишҳои мо барои рушди фаъолонаи робитаҳои дуҷониба таҷассум ёфтааст” – гуфт президенти Қазоқистон.
Қосим-Жомарт Токаев саҳми бебаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳким ва густариши муносибатҳои Қазоқистон бо Тоҷикистон махсус таъкид кард.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлол бо Қазоқистон муносибатҳои судманд ва устуворро дар руҳияи дӯстӣ ба роҳ мондааст.
“Тоҷикистон ба муносибатҳои надик ва бародарона бо Қазоқистон арҷ мегузорад. Кишвари шумо барои мо ширики хеле муҳим аст ва миёни мо дар тамоми соҳаҳо ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамдигарфаҳмии комил вуҷуд дорад. Соли гузашта муносибатҳои мо дорои аҳмияти махсус буд, зеро онҳо ба сатҳи шарикӣ расиданд”- гуфт вазири тоҷик.
Сироҷиддин Муҳриддин паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Қосим-Жомарт Токаев расонид ва таъкид намуд, ки Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Қазоқистон омода аст.
Дар ҷараёни мулоқот ду ҷониб масъалаҳои созишномаҳои қаблан имзошуда, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, транзит, рақамикунонӣ ва фарҳангро баррасӣ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”