27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
11.02.2025 15:00

Тоҷикистон ва Кувайт ширкати муштараки ҳавоӣ таъсис медиҳанд

Тоҷикистон ва Кувайт дар нақша доранд, ки ширкати ҳавоии муштаракро роҳандозӣ кунанд. Гуфта мешавад, ки барои амалӣ намудани лоиҳаи муштарак сармоягузории асосиро Кувайт анҷом хоҳад дод.

Ҳафтаи гузашта чорумин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Кувайт баргузор гардид.

Ҷаласаи муштараки иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт зери раҳбарии Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва вазири молияи Кувайт хонум Нура Сулаймон Ал-Фассам доир гашт. Дар робита ба ин Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.

Ду тараф нақшаи роҳ барои густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ карданд.

Ҷониби Тоҷикистон таъкид кард, ки сармоягузории Кувайт ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли нассоҷӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ ҷалб карда шавад.

Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки таъсиси фонди муштараки сармоягузории Тоҷикистон ва Кувайт дар робита ба иҷрои лоиҳаҳои бузург таъсис дода шавад.

Дар ҷаласаи зикршуда ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки инфрасохтори авиатсионӣ навсозӣ ва як ширкати муштараки ҳавоӣ бо сармоягузории Кувайт ташкил карда шавад.

Дар ҷараёни музокироти дуҷониба масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои мустақими ширкати кувайтии “Kwait Airwaes” баррасӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Фонди кувайтии Рушди иқтисодиёти араб барои амалӣ намудани лоиҳаҳо дар бахшҳои нақлиёт, энергетика ва обёрии Тоҷикистон беш аз 200 миллион доллар ҷудо кардааст.

Дар поёни ҷаласаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҷонибҳо протоколи ҳамкорӣ барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратиро имзо намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.