27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
11.02.2025 11:06

Қудратҳои бузург дар СММ аз фаъол шудани шохаи хуросонии ДОИШ ҳушдор доданд

Рӯзи 10-уми феврали соли ҷорӣ Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо баргузор намудани нишасте оид ба масъалаи таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ, бахусус ДОИШ ҳушдор дод, ки фаъол шудани шохаи хуросонии он дар Афғонистон таҳдиди ҷиддӣ барои субот ва амнияти ин кишвар, минтақа ва ҷаҳон аст.

Владимир Воронков, муовини Дабири кулли СММ дар кори мубориза бар терроризм дар нишасти зикршуда гуфт, ки ДОИШ бар сулҳу суботи байналмилалӣ таҳдид дорад. Ӯ идомаи таҳдиди “ДОИШ-и Хуросон”-ро ҳушдор дода, таъкид намуд, ҳомиёни ин гурӯҳи террористӣ ҳамлаҳоеро дар Аврупо тарҳрезӣ мекунанд. Вай таъкид намуд, ки ин гурӯҳ талош дорад, афродеро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷалб кунад.

Владимир Воронков аз кишварҳои узви СММ хост, ки нагузоранд Афғонистон ба “паноҳгоҳи амнияти гурӯҳҳои террористӣ” табдил ёбад.

“Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди ками ҷангҷӯёни террористи хориҷӣ ба сафари худ ба Афғонистон идома медиҳанд”- гуфт Владимир Воронков.

Дороти Ши, муовини намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар СММ низ гуфт, ки шохаи хуросонии ДОИШ таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳон аст: “Мо аз қобилиятҳои шохаи хуросонии ДОИШ барои тарҳрезӣ ва анҷоми ҳамлаҳо, инчунин, аз маъракаҳои ҷалбу ҷазби он, бахусус дар Афғонистон ва Покистон нигарон ҳастем”.

Фу Сун, намояндаи Чин дар СММ бидуни зикри ҷузъиёт гуфт, ки террористони вобаста ба шохаи хуросонии ДОИШ, Алқоида ва Ҷунбиши террористии Туркистони Шарқӣ, ки гурӯҳҳои зидди Ҳукумати Чин ҳастанд, дар Афғонистон фаъоланд ва “бо ҳам ҳамкорӣ доранд”.

“Чин аз ҳукумати муваққати Афғонистон мехоҳад, то барои маҳв кардани ҳама созмонҳои террористӣ, ки дар Афғонистон ҷо гирифтаанд, иқдоми машҳуд ва қобили исбот бардорад” – таъкид намуд Фу Сун.

Василий Небензя, намояндаи Русия дар СММ афзоиш ёфтани таҳдидҳои террористиро ба хориҷ шудани Амрико ва НАТО аз Афғонистон вобаста дониста, таъкид кард, ки “рушди фаъолияти ДОИШ-и Хуросон тасодуфӣ нест”.

“Неруҳои НАТО ҳангоми хуруҷи шитобзада аз Афғонистон миқдори зиёди таҷҳизот ва муҳимотро боқӣ гузоштанд, ки ба дасти ДОИШ афтидааст” – гуфт Василий Небензя.

Мунир Акрам, намояндаи Покистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба суханони намояндаи Амрико дар ин Созмон вокуниш нишон дод. Мунир Акрам сухани намояндаи Амрико дар хусуси маркази ҷалбу ҷазби неруҳои ДОИШ шудани Покистонро рад намуда, гуфт, ки “Афғонистон ҷойи ҷалбу ҷазб ва осон намудани фаъолиятҳои шохаи хуросонии ДОИШ аст”.

Ҳукумати Толибон то ҳанӯз ба нигаронии қудратҳои бузург дар Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба фаъол шудани шохаи хурусонии ДОИШ иттилоъ надодааст. Вале дар гузашта ҳамеша ҳузур ва фаъолияти ДОИШ-ро камранг ҷилва дода, таъкид мекард, ки он “бузургнамоӣ” аст. Онҳо таъкид кардаанд, ки ба ҳеч гурӯҳ иҷозаи фаъолият дар дохили хоки Афғонистонро нахоҳанд дод, то таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои ҳамсоя ва минтақа эҷод нашавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.