27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:23, Душанбе
10.02.2025 12:33

Ҳифзи мӯйи сари модар ва иҷорашинӣ. Некқадам Шоҳназаров чӣ ногуфтаҳо дорад?

Некқадам Шоҳназаров, ҳунарманди театру синамо дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев дар бораи муҳаббати беинтиҳо ба модараш ва бехонагиву иҷорашиниаш гуфт.

Ин ҳунарманди тоҷик мегӯяд, ки бо вуҷуди аз соли 1997 дар театр кор кардан, наметавонад барои харидани хонаи шахсӣ дар пойтахт маблағ ҷамъ кунад, зеро бо маоше, ки аз театр мегирад, ҳатто зиндагиро бо мушкилӣ пеш мебарад. “Ҳоло аз театр 2400 сомонӣ маош мегирам ва маблағи хонаи иҷораам 1500 сомонӣ аст”, - меафзояд ӯ.

Дар шарҳи барнома корбароне навиштаанд, ки хуб мешавад, саховатмандон, махсусан Раҳими Ғармӣ ба ин ҳунарманди маҳбуб хонае туҳфа кунад. Шарҳнависон медонанд, ки дар гузашта Раҳими Ғармӣ ба ҳунармандоне чун Бахтиёр Раҳимов (Ғарибшо) ва Гулбаҳор Ғаффорова пас аз барномаи “Ногуфтаҳо” хона туҳфа карда буд.

Некқадам Шоҳназаров ҳамчунин, дар бораи меҳри беинтиҳояш нисбат ба модараш ҳарф зад. “Дар зиндагӣ аз ҳама зиёд аз марги модар метарсидам. Бовар кунед, ҳатто вақти зинда буданашон, аз дидорашон сер намешудам. Баъзан мегуфтам, ки Худоҷон маро пеш аз модарам бикуш, аммо боз мегуфтам, ки дарди фарзандро чӣ гуна таҳаммул мекунанд?”

Ин ҳунарманди тоҷик меафзояд: “Мӯйи сари модарамро аз болои қолин ва шонааш дона-дона чидам ва дар рӯймолчае то ҳол нигоҳ медорам. Фикр мекунам, ки ҳоло ҳам модарам бо ман аст”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.