Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
“Садо аз кӯзаи шикаста”. Профессори ӯзбек ба вазири тоҷик вокуниш нишон дод: “Ибни Сино фарзанди осиёи марказист”
Шерзод Қудратхуҷа, ректори Донишкадаи журналистика ва иртибототи Ӯзбекистон ба изҳороти ахири Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён вокуниш нишон додааст.
Ӯ бо ишора ба изҳороти Матлубахон Сатториён таъкид кардааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд бо таваҷҷуҳ ба воқеиятҳои таърих муттаҳид шуда, дарк кунанд, ки чунин шахсиятҳои барҷаста, ба мисли Ибни Сино ба ҳамаи минтақаи мо мансуб мебошанд.
Шерзод Қудратхуҷа бо зикри ин нукта, ки танҳо тавассути чунин иттиҳод мо метавонем арзиши дурусти мероси шахсиятҳои бузургро муайян созем, таъкид кардааст: “Дар ин масъала бояд далелҳои таърихӣ ба назар гирифта шаванд. Дар асрҳои IX-X сарҳад миёни кишварҳои муосири Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, баҳс кардан дар хусуси мансубияти Ибни Сино ба яке аз кишварҳо нодуруст аст”.
Профессор Қудратхуҷа таъкид кардааст, нақши муҳимми илму дониш дар он давраро бояд дар назар гирифта шавад, зеро яке аз омилҳои асосие, ки ба рушду нумуи ренессанс мусоидат кард, озодии олимон буд, ки ин дар шаклгирии фарҳанги интеллектуалии минтақа иҷро шуд.
“Агар шумо имрӯз аз системаи ҷустуҷӯи интернет истифода баред, пурсед, ки Абуалӣ ибни Сино ба кадом кишвар мансуб аст, мебинед, ки ӯ аз Бухоро (980-1037) буд. Бухоро, чунон ки маълум аст, дар ҳудуди Ӯзбекистони муосир воқеъ аст. Аз ин рӯ, Ибни Сино фарзанди Осиёи Марказӣ аст”.
Вокуниши профессор ва ректори Донишкадаи журналистика ва иртибототи Ӯзбекистон дар сомонаи интернет-газетаи Daryo.Uz нашр шудааст. Пас аз сарусадоҳои зиёд, ки оид ба мансубияти миллии Ибни Сино дар Тоҷикистон сар зад, рӯзномаи мазкур чун “садо аз кӯзаи шикаста” вокунишро нашр кардааст.
Шерзод Қудратхуҷа ба шакле мавзуъро якҷониба баҳо дода, ба ҳувияти Абуалӣ ибни Сино ҳеч ишорае накардааст ва ҳатто ба маводи “CNN”чизе нагуфтааст.
Донишмандони тоҷик низ дар ин шабу рӯз бо нашри мақолаҳои бодалел ва бо санад ба таърифи ҳақиқати таърихӣ оид ба мансубияти миллии Ибни Сино посух навиштаанду менависанд. Як силсила пажӯҳиш ва мақолаҳои олимон, ки дар солҳои мухталиф эҷод шудаанд, ба баҳсҳои ӯзбек ва турк номидани Ибни Сино тааллуқ доранд.
Қобили зикр аст, ки чунин баҳсҳо нав набуда, беш аз сад сол боз идома доранд ва ҳар аз гоҳе дубора доман зада мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”