Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон. Харидорони барқ аз Тоҷикистон
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуоти иттилоъ дод, ки давоми соли гузашта ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон неруи барқ фурӯхта шуд.
Дар идома вазир афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Афғонистон ба маблағи 705,2 млн сомонӣ 1 млрду 530,4 млн кВт-соат барқ харидааст, ки арзиши ҳар киловатти он 46 дирам ё (4,2 сант)-ро ташкил медиҳад.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар соли гузашта аз харидорони асосии барқ аз Тоҷикистон будааст. Ин кишвари ҳамсоя дар соли гузашта 943,9 кВт-соат ба маблағи 201,2 млн. сомонӣ харидааст.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки Қирғизистон низ 4 млн кВт-соат барқ бо арзиши 428,7 ҳазор сомонӣ барқ харидааст.
Ба гуфтаи вазир дар умум фурӯши барқ ба хориҷи кишвар 2 миллиарду 478 млн кВт-соатро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023-юм 7,8% камтар аст.
Тибқи иттилои дастрас соли 2024 ҳаҷми тавлиди неруи барқ дар Тоҷикистон 22 миллиарду 427,7 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 3 дарсад бештар аст. Дар ин давра аз ҷониби барқистеҳсолкунандагони мустақили мамлакат, аз ҷумла дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» беш аз 17,4 миллиард кВт-соат, дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда-1» зиёда, аз 2,6 миллиард кВт-соат, дар Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» 869,5 миллион кВт-соат, дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» 214,1 миллион кВт-соат, дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО-и «Роғун» зиёда аз 1,2 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”