Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Виза пурра бекор нашудааст. Сафари ҳавоии бевиза миёни Тоҷикистон ва Эрон 3-уми феврал амалӣ мегардад
Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд аз таърихи 3-уми феврал бо шиносномаҳои одӣ бо парвози ҳавоӣ бидуни низоми раводид ба кишварҳои якдигар сафар кунанд. Сафари бидуни виза ё низоми раводид дар тамоми майдонҳои ҳавоии шаҳрҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор хоҳад гирифт.
Дар тафоҳумномае, ки миёни Тоҷикистон ва Эрон имзо шуд, дар хусуси пурра бекор намудани низоми раводид таъкид сурат нагирифтааст. Дар ин тафоҳумнома сафари бидуни низоми раводид танҳо аз тариқи сафари ҳавоии мустақими кишварҳо иҷозат дода шудааст. Агар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон аз роҳи заминӣ ба кишварҳои якдигар ва ё аз масирҳои гуногуни ҳавоӣ аз кишварҳои дигар сафар кунанд, виза ё раводид талаб карда мешавад. Аз ин маълум мешавад, ки ҳанӯз низоми раводид пурра бекор нашудааст.
Қабл аз ин, дар соли 2024 дар замони президентии Ибоҳим Раисӣ тафоҳумномаи лағви низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон имзо шуда буд. Бар асоси ин тафоҳумнома лағви низоми раводид 10-уми августи соли 2024 мавриди амал қарор гирифт ва танҳо ба ду шаҳр – Теҳрон ва Душанбе иртибот дошт. Яъне, шаҳрвандон метавонистанд бидуни раводид аз тариқи парвозҳои Душанбе-Теҳрон ва баръакс Теҳрон-Душанбе ба кишварҳои якдигар сафар кунанд.
Дар иқдоми ахир президентони ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён ин маҳдудиятҳо пурра бекор шуданд ва акнун шаҳрвандони ду кишвар метавонанд аз тариқи сафари ҳавоӣ ба ҳамаи майдонҳои ҳавоии шаҳрҳо ба кишварҳои якдигар сафар кунанд.
Тибқи иттилои расонаҳои эронӣ ҳайати вазирони Ҷумҳурии Исломии Эрон қарори ниҳоӣ дар хусуси лағви низоми раводид миёни Эрон ва Тоҷикистонро амалӣ кард. Бар асоси он шаҳрвандони ду кишвар акнун метавонанд аз 3-уми феврали соли 2025 аз тариқи сафари ҳавоӣ (бо сафари заминӣ раводид талаб мешавад) бе раводид сафар кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон низ амалишавии қарори лағви низоми раводид миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро 3-уми феврали соли 2025 эълон кард.
Расонаҳои Эрон таъкид мекунанд, ки айни ҳол сафари бидуни раводид миёни ду кишвар – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон танҳо барои шахсонест, ки аз тариқи ҳаво сафар мекунанд.
Қаблан, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар суҳбат бо мақомоти ин кишвар таъкид карда буд, ки зарурати бекор намудани низоми раводид аз тариқи сафари ҳавоӣ ба ҳамаи шаҳрҳои ин кишвар ба миён омадааст ва бояд анҷом дода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”