Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
1642 толибилм ва 10 омӯзгор. Шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар ДДОТ
Дар ҳоли ҳозир дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 1642 донишҷӯ ва 10 омӯзгори хориҷӣ таҳсилу кор мекунанд.
Тавре ки Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, 10 шаҳрванди хориҷӣ ҳамчун омӯзгор ва шунаванда дар Донишгоҳ фаъолият менамоянд. Аз Ҷумҳурии Халқии Чин 2 омӯзгор ва 1 шунаванда, аз Ҷумҳурии Корея 2 омӯзгор, аз Эрон 1 шунаванда, аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 3 шунаванда мебошанд.
Ҳамчунин, дар мавриди 1642 донишҷӯи хориҷӣ чунин гуфта шуд: “Аз ҷумла 7 кас аз Туркманистон, 1594 нафар аз Ӯзбекистон, 4 кас аз Қазоқистон, 1 нафар аз Покистон, 13 кас аз Афғонистон, 22 нафар аз Чин ва 1 кас аз Олмон таҳсил мекунанд”.
Ректори Донишгоҳ афзуд, ки ҳамчунин, дар шуъбаи ғоибонаи зинаи магистратураи муассисаи олии таълимӣ 22 нафар шаҳрванди Чин таҳсил доранд.
Инчунин, дар нишасти мазкур иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Ӯзбекистон, Беларус, Молдова ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти барномаи табодули омӯзгорону донишҷӯён, таҳияи барномаи таълимӣ, гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ, конференсияҳо, даврҳои такмили ихтисос, мубодилаи олимон, аспирантон, донишҷӯёну магистрон (1+1), таҳияи маводи илмӣ, таҳияи лоиҳаи илмӣ, хондани маъруза аз тарафи профессорон, ҳимояи рисолаҳои намзадӣ ва докторӣ, ба забономӯзӣ равон кардани донишҷӯён ва омӯзгорон 16 шартномаи дутарафаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”