27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
27.01.2025 14:42

Радиои “Сафина” таъсис меёбад

Маъмурияти Муассисаи давлатии “Телевизони Сафина” ният доранд, ки то 20-солагии телевизиони мазкур, ки 5-уми сентябри соли ҷорӣ қайд карда мешавад, радиои “Сафина”-ро таъсис диҳанд.

Садриддин Шамсуддинзода, директори “Телевизони Сафина” имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки вобаста ба таъсиси радиои “Сафина” соли 2024 қариб 70 фоизи корҳо амалӣ шуданд ва давоми соли равон корҳои боқимонда хотима дода мешаванд.

Ба иттилои Садриддин Шамсуддинзода дар сурати фаъол шудани радио 15 рӯзноманигор ба кори доимӣ таъмин мешаванд.

Инчунин, дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 58 барнома бо теъдоди умумии 3982 шумора мунтазам дар жанрҳои гуногун таҳия ва пешниҳоди бинандагон гардида, 1780 нашри барномаи иттилоотӣ бо давомнокии 530 соати пахши мустақим рӯйи эфир омадааст.

Илова бар ин, дар давоми соли гузашта 37 филми телевизионӣ ва 18 филми ҳуҷҷатӣ таҳия шуда, 60 филми бадеӣ дар ҳаҷми зиёда аз 105 соат тарҷума ва дубляж гардидаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.