Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Музокироти гурӯҳи кории Русия ва Тоҷикистон оид ба мубориза бар густариши терроризм дар Маскав
Гурӯҳи кории мақомоти полиси Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои мубориза бар густариши терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфта гутушунид анҷом доданд.
Дар мулоқоти гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфта мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нишасти зиркшудаи гурӯҳи корӣ бо ҳузури раисони идораи дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии ду кишвар дар шаҳри Маскав баргузор гардид.
Дар ин нишаст, масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, терроризм, ифротгароӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳамчунин, кофтукови афроди дар ҷустуҷӯбуда, мавриди баҳс ва гуфтугӯ қарор гирифт.
Ширкаткунандагон дар нишасти мазкур сатҳи ҳамкорӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар заминаи иҷрои қонунҳоро мусбат арзёбӣ намуда, чашмандози рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бештар дар ин самтро таъкид намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад