27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
25.01.2025 10:08

Тоҷикистон дар соли 2025 мизбони сарони кишварҳои узви ИДМ хоҳад буд

Дар маҷлиси аввалини Шурои намояндагони доимии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Беларусия баргузор гардид, раёсати давраии Тоҷикистон оғоз шуд.

Нахустин маҷлиси Шурои намояндагони соҳибихтиёри доимии узви кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ниҳодҳои он дар Ҷумҳурии Беларусия доир гардид.

Маҷлис таҳти раёсати Бахтовар Сафарзода, намояндаи доимии Тоҷикистон дар кишварҳои узви ИДМ ва сафири Тоҷикистон дар Беларусия ва ширкати дабири кулли Иттиҳод, масъулон ва кормандони кумитаи иҷроии он, сафирони кишварҳои узв ва намояндагони дипломатии аршади кишварҳои ҳамкор баргузор гардид.

Дар иҷлосия Аҳмад Саидмуродзода, раиси департаменти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон авлавиятҳои раёсати ин кишвар барои иттиҳодия дар соли 2025 дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона ва ҳамчунин, муқобила бо проблема ва таҳдидҳоро арзёбӣ кард.

Дар ин маҷлис, ҳамчунин, Барномаи фаъолияти Иттиҳод дар соли 2025 баррасӣ шуд. Қарор аст, ки нишасти солонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардад ва дар ин масҷлис доир ба ин ҳадаф қарор қабул карда шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.