Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Дар Эрон барои олимон маркази омӯзиши хати кирилӣ таъсис медиҳанд
Дар доираи сафаре, ки раиси Муассисаи мероси мактуби Эрон ба Тоҷикистон анҷом дод, созишномаеро бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Тоҷикистон имзо кард. Тибқи имзои созишнома муассисаи зикршуда дар Эрон маркази омӯзиши хати кирилӣ барои олимон ва алоқамандони Тоҷикистон таъсис хоҳад дод.
Тоҳира Теҳронӣ, хабарнигори хабаргузории “Меҳрнюз” хабар додааст, ки Муассисаи мероси мактуби Эрон баъди имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Тоҷикистон барои алоқамандон маркази омӯзиши хати кирилӣ доир мекунад.
Доир кардани маркази хати кирилӣ дар ростои афзоиш ва беҳбуди равобити фарҳангӣ бо кишвари Тоҷикистон ва Муассисаи мероси мактуби Эрон сурат мегирад.
Тоҳира Теҳронӣ менависад, ки раванди бозгашти мардуми тоҷик ба хати форсӣ дар як фароянди тӯлонимуддат имконпазир аст ва тарвиҷкунандагони он дар Эрон ва Афғонистон низ бояд барои кумак ба ин раванд хати тоҷикӣ ё ҳамон алифбои кирилиро фаро гиранд.
Бо ин мақсад, - менависад Тоҳира Теҳронӣ, Муассисаи мероси мактуби Эрон баъди имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ барои ошноии пажӯҳишгарони эронӣ бо хати кирилӣ дар барнома омӯзиши хатро дорад ва ба зудӣ коргоҳи омӯзиши хати кирилӣ баргузор мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”