27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
23.01.2025 13:44

Юсуф Раҳмон - Додситони кул аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон барканор шуд

Имрӯз, 23-уми январи соли 2025 президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як фармон Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмонро аз мақомаш барканор кард.

Президенти Тоҷикистон дар як фармони дигар Ҳабибуллоҳ Воҳидзодаро, ки то ин замон муовини аввал дар додситонӣ буд, ба ҳайси Додситони кулли Тоҷикистон таъин кард.

Дар фармони барканории Юсуф Раҳмон гуфта шудааст, ки ба кори дигар гузашт. Юсуф Раҳмон 58 сол дорад ва зодаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон аст.

Юсуф Раҳмон 10 сол дар вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон кор кард. Дар замони роҳбарии ӯ, парвандаҳои пурсарусадо аз сӯйи додситонӣ таҳқиқ шуданд.

Фаъолияти Ҳизби террористии Ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон аз сӯйи Додситони кулли Тоҷикистон мамнуъ эълон гардид. Дар пайи мамнуъияти Ҳизб садҳо ҳаводор ва узви ин ҳизб боздошт ва зиндонӣ шуданд.

Парвандаи табадуллоти давлатӣ бо раҳбарии Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд моҳ қабл оғоз шуд, низ аз сӯйи додситонии Тоҷикистон пайгирӣ мегардид.

Додситони нав Ҳабибуллоҳ Воҳидзода, ки аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи Юсуф Раҳмон таъин шудааст, таҷрибаи кор дар мақомоти мухталифи додситонӣ ва мубориза бо маводи мухаддирро дорад. То замони таъйин шудан ба ин мақом Ҳабибуллоҳ Воҳидзода ба ҳайси муовини Додситони кулл (ҳамзамон додситонии ҳарбӣ) кор мекард. Қаблан, ба ҳайси раиси Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ кор кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.