Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
200 тонна орд. Кумаки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба мардуми Ғаза
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар доираи иқдоми башардӯстона ва саховатпешагии якчанд давлатҳои узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS), ки кишвари мо ҳам шомил аст, ба мақсади кумак ба мардуми Ғаза 200 тонна орди аълосифати гандумӣ ба он минтақа фиристода шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, кумаки башардӯстонаро ба мардуми Ғаза Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти хайриявии Подшоҳии Ҳошимии Урдун (JHCO) амалӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки кумаки башардӯстона давоми 2 рӯз ба гузаргоҳи сарҳадии Керем Шалом/Карам Абу Салем расида, дар ҳамоҳангӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ (WFP) ва дигар ниҳодҳои Созмони Милал ҷиҳати интиқоли бехатари кумакҳо, тақрибан ба 8 ҳазор хонавода дар таъмини камбудии ғизо мусоидат хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”