27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:23, Душанбе
20.01.2025 17:17

Пизишкиён дар суҳбат бо Соловёв: “Аврупо иттиҳом мезанад. Дунболи силоҳи атомӣ нестем, набудем ва нахоҳем буд. Мехоҳанд эронҳаросӣ эҷод кунанд”

Гуфтугӯи Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо хабарнигори машҳури телевизиони Русия Владимир Соловёв рӯзи якшанбе пахш шуд. Масъуд Пизишкиён дар гуфтугӯ бо ин журналист аз сиёсатҳои дугонаи Аврупо шадидан интиқод кард.

Масъуд Пизишкиён дар ин гуфтугӯ гуфт, ки кишварҳои аврупоӣ ба дунболи эҷоди эронҳаросӣ ҳастанд ва мо ба Аврупо ниёзе надорем. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба иттиҳоми Амрико ва Аврупо оид ба сохтани силоҳи атомӣ таъкид намуд, ки Эрон ҳеч гоҳ ба дунболи сохтани силоҳи атомӣ набудааст.

“Аврупо иттиҳом мезанад. Дунболи силоҳи атомӣ нестем, набудем ва нахоҳем буд. Мехоҳанд эронҳаросӣ эҷод кунанд. Ҳам раҳбари Эрон фатво доданд, ҳам сиёсати мо ва ҳам боварҳову эътиқоди мо бар ин муносибат, ки ба дунболи силоҳи атомӣ нестем”- гуфт Масъуд Пизишкиён.

Масъуд Пизишкиён дар бахши дигари гуфтугӯ дар посух ба суоли Владимир Соловёв афзуд, ки Аврупо ва Амрико бо сиёсатҳои дугонаи худ дар заминаи ҳуқуқи башар ва дигар масоили ҷаҳонӣ ба кишварҳо фишор меоваранд.

“Замоне ки маросими савганди ман анҷом мегирифт, меҳмони моро дар Теҳрон террор карданд. Бар асоси кадом қонуни байналмилалӣ ин корро анҷом доданд ва чӣ касе аз он дифоъ мекард? Амрико ва Аврупо?”- афзуд Масъуд Пизишкиён.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идомаи гуфтугӯ афзуд, ки агар кишварҳо бо ҳам муттаҳид шаванд ва дар канори ҳам бимонанд, “худкомагӣ ва такқутбӣ будани Аврупо аз байн хоҳад рафт”.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар бахши дигари суҳбат бо ишора ба таҳдидҳои Амрико ва Аврупо чунин гуфт: “Онҳо дар пайи эҷоди як зеҳнияте дар минтақаанд, то эронҳаросӣ ба вуҷуд биоваранд. Замоне, ки президент интихоб шудам, тамоми шиор ва ҳарфам ин буд, ки қарор аст, мо дар дохили кишвар ҳамзабониву ваҳдат эҷод кунем ва бо ҳамсоягон дӯстиву рафоқат намоем”.

Дар ин гуфтугӯи телевизионӣ Масъуд Пизишкиён шадидан аз сиёсати дугонаи Аврупо ва Амрико дар қиболи фоҷеаи Ғаза интиқод намуда, таъкид кард, мардуми бегуноҳи ин минтақа ба обу ғизо дастрасӣ надоранд ва ҳатто иҷозаи кумакрасонӣ дода намешавад.

“Амрико ва Аврупо танҳо нигоҳ мекунанд. Инҳо чӣ гуна метавонанд бо мардуми ҷаҳон талқин кунанд, ки Эрон боиси бесуботӣ аст ва Исроил  боиси амният? Исроил дар ҳоли куштани занону кӯдакон аст. Онҳо 14 ҳазор кӯдакро ба қатл расониданд. Ин ҳуқуқи башар аст? Ту агар мардӣ ва меҷангӣ бо касоне, ки аслиҳа ба даст доранд, биҷанг, на бо занон ва кӯдакон”- афзуд Масъуд Пизишкиён.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.