Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
13 санади муҳимми тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон имзо шуд
Дар пасманзари сафари президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон Масъуд Пизишкиён ҳайати тоҷирони Эрон ба Душанбе омада, бо ҳамтоёни тоҷики худ гуфтугӯ намуданд. Зимни баррасии муносибатҳои иқтисодии ду кишвар 13 тафоҳумномаи муҳимми иқтисодӣ миёни кишварҳо ба имзо расид.
Дар ин нишаст ҳайати Эронро вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон, раиси хонаи бозаргонии Эрон ва ҷамъе аз тоҷирон намояндагӣ карданд. Ҳайати Эрон зимни мулоқот ва гуфтугӯ ба ҳайати тоҷирони тоҷик ба густариши ҳамкориҳои дар бахшҳои мухталиф ишора намуданд.
Раиси хонаи бозаргонии Эрон Самад Ҳасанзода рӯзи чоршанбе бо Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ мулоқот намуда, равобити иқтисодии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Самад Ҳасанзода дар нишасти муштарак бо ҳайати тоҷикистонӣ аз меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки барои густариши равобити иқтисодӣ зарфиятҳо вуҷуд дорад.
“Иртибот байни ҳайатҳои тиҷоратӣ ва фаъолони иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон метавонад аз ҳама арсаҳои иртиботии ду кишвар ва рушди фаъолиятҳои фарҳангу гардишгарӣ таъсиргузор бошад”- таъкид намуд Ҳасанзода.
Масъули иқтисодии Эрон таъкид кард, ки барои рушди робитаҳои иқтисодии ду кишвар ниёз аст, баъзе аз мушкилот ва норасоиҳо бартараф шавад, то сармоягузорон тавонанад бо хотири осуда ва итминони бештар дар ҳавзаи иқтисодӣ мавқеъ ёбанд. Раиси Хонаи бозаргонии Эрон аз панҷ минтақаи иқтисодии Тоҷикистон ном бурда, афзуд, ки зарфиятҳои хуби сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон вуҷуд дорад.
“Дар баъзе бахшҳои саноатӣ тарофаҳо дар заминаи маҳсулоте, ба монанди пахта ва либосворӣ метавонад муассир бошад” таъкид намуд Самад Ҳасанзода.
Раиси ҳайати тоҷирони эронӣ Самад Ҳасанзода оид ба зарфиятҳои тавлидотии Эрон ишора намуда, таъкид кард, ки “Эрон бузургтарин тавлидкунандаи фарши дастибоф аст ва фаршҳои нафиси дунёро тавлид мекунад. Сармоягузорон ва фаъолони иқтисодии Эрон метавонанд бозори саноати дастиро дар Тоҷикистон рушд диҳанд”.
Мақоми эрон бо ишора ба қонунҳо таъкид кард “Мавзуе, ки барои ҳар ду кишвар муҳим аст, шаффофияти қонуни сармоягузорӣ аст. Дар Эрон барои сармоягузорони хориҷӣ, тазминҳои лозим барои сармоягузорӣ ва баргашти сармоя анҷом мешавад”.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон Султон Ҷаъфарзода таъкид кард, ки аз тавонмандиҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳукуматдорони он огоҳ аст. Ӯ заминаҳои рушди касбу кор дар Тоҷикистон дар бахшҳое, ба монанди масолеҳи сохтмонӣ, саноати дастӣ ва маҳсулоти саноати нассоҷиро бисёр зиёд тавсиф намуда, таъкид кард, ки “Дар бахши ҳамлу нақл имконот ва зарфиятҳои бисёр зиёде аст”.
Султон Ҷаъфарзода омодагии Тоҷикистон барои имзои тафоҳумномаҳои тиҷоратиро таъкид кард ва афзуд, ки қарордодҳои сармоягузорӣ миёни бахшҳои хусусии Эрон ва Тоҷикистон муҳим аст. Вай хостори созмон додани бозаргонии Эрон барои тарғиби ширкатҳои эрон ҷиҳати ворид шудан ба бозори Тоҷикистон шуд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон бо ишора ба 13 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар афзуд: “Ин санадҳо неруи тоза ба муносибати ду кишвар мебахшад ва боиси рушди рафтуомадҳои ҳайатҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсати Тоҷикистон мешавад”.
Шоми чоршанбе президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди шаҳри Душанбе шуд. Масъуд Пизишкиёнро президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана пешвоз гирифт. Тибқи нақшаи мушаххасшуда, президенти Эрон ду рӯз дар Тоҷикистон монда ва субҳи имрӯз аз Душанбе мустақиман ба шаҳри Москав меравад. Вай дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамчунин, дар ҳамоиши тоҷирони Эрон ва Тоҷикистон низ ширкат кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”