Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Ироқчӣ: «Сафари Пизишкиён ба Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкориҳо муҳим аст»
Вазири корҳои хориҷии Эрон дар суҳбат бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён охирин вазъияти муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дод. Вазири хориҷии Эрон дар остонаи сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон аз сафир гузориши комил оид ба рушди муносибатҳои ду кишварро шунид.
Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар остонаи сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон гузориши муфассал оид ба вазъияти муносибатҳо байни ду кишвар ироа карда, таъкид намуд, ки муносибат байни ду кишвар дар ҳоли рушд аст.
Сайидаббос Ироқчӣ дар суҳбат бо сафир таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба далели робитаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ дар сиёсати хориҷии Эрон аҳмияти хос дорад. Вай афзуд, ки пайвандҳои амиқи таърихӣ, забонии ду миллат ва вуҷуд доштани зарфиятҳои фаровон барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва дигар самтҳо, дар остонаи сафари президент ба Тоҷикистон, фурсати муносиб барои тақвияти ҳарчӣ бештари ҳамкориҳо байни ду кишвар мебошад.
Чанде қабл сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ низ оид ба сафари қарибулвуқуи президенти Ҷумҳурии Исломи Эрон изҳори назар карда, таъкид карда буд, ки он дар нимаи моҳи январ сурат мегирад ва ду рӯз идома хоҳад дошт.
“Сафар ба Тоҷикистон аввалин сафари минтақавии президент ба минтақаи Авруосиё хоҳад буд. Робитаи мо бо Тоҷикистон робитаест тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва динӣ аст. Аз ҳар ҷиҳат, робитаи мо бо Тоҷикистон робитаи бисёр муҳим аст. Дар ин сафар асноди муҳимме дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба имзои ду тараф хоҳад расид. Кушодашавии яке аз марказҳои муҳимми фарҳангӣ ва ифтитоҳи маркази саломатии “Ҳилоли Аҳмар” дар Тоҷикистон аз дастури корҳои сафари президент ба ин кишвар аст, ки ба даъвати президенти Тоҷикистон анҷом мешавад”- таъкид намуд Исмоил Бақоӣ.
Лозим бар зикр аст, ки равобити Эрон ва Тоҷикистон дар давраи президентии Иброҳим Раисӣ дубора густариш ёфт. Дар он даврон роҳбарони кишварҳо сафарҳои расмӣ анҷом дода, санадҳои муҳиммеро дар робита ба густариши муносибатҳои дуҷониба имзо карданд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии президенти ҷадиди Эрон ширкат намуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”