Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Дар Тоҷикистон аввалин маркази зеҳни сунъӣ таъсис дода шуд
Дар Тоҷикистон аввалин маркази зеҳни сунъӣ бо номи “AL Factory” ба фаъолият оғоз мекунад. Дар ин бора, Шӯрои зеҳни сунъии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои Вазорат, маркази мазкур заминаи рушди технологияҳои пешрафта ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсиониро фароҳам мекунад.
“Маркази нав ба барномаҳои таълимӣ, хизматрасонии машваратӣ, дастгирии фаъолияти стартапҳо ва таҳқиқоти илмӣ тамаркуз хоҳад кард. Академияи зеҳни сунъӣ курсҳои омӯзиши мошинсозӣ, биниши компютерӣ ва коркардро пешниҳод мекунад, ки имкон медиҳад, мутахассисонро ҳам дар сатҳи замонавӣ ва ҳам олӣ омода созад” – таъкид кардааст Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки маркази зикршуда барои корхонаҳо имкониятҳои инноватсионӣ таҳия хоҳад кард. Ҳамчунин, роҳандозии стартап ба тими ҷавонон дар тавлиди маҳсулот ва ба бозор баровардани онҳо кумак менамояд.
“Ташаббус, инчунин, ба таъсиси ҷойҳои корӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва дастгирии инноватсия нигаронида шудааст, ки рақобатпазирии кишварро дар арсаи байналмилалӣ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш медиҳад”- мегӯянд масъулини тарҳи маркази сунъӣ дар Тоҷикистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”