Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Ҳушдор ба тоҷикон дар Кореяи Ҷанубӣ: дар гирдиҳамоиҳои оммавӣ ширкат накунед!
Сафорати Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ доранд, муроҷиат намуда, аз онҳо хостааст, ки аз ҳар гуна ширкат дар гирдиҳамоӣ ва ҳамоишҳои оммавӣ худдорӣ кунанд.
Сафорат дар иртибот ба эълон шудани ҳолати ҳарбӣ, ки баъдан аз сӯйи парлумони ин кишвар бекор шуд, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост, ки оромиро нигоҳ доранд. Сафорат гуфтааст, ки ҳатман тавсияҳои мақомотро риоя намоянд.
Ҳамчунин, Сафорат аз шаҳрвандон хостааст, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилот бо сафорат тамос гиранд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 3 –уми декабр Президенти Кореяи Ҷанубӣ ҳолати ҳарбӣ эълон кард. Баъди эълони ҳолати ҳарбӣ дар Кореяи Ҷанубӣ мардум тазоҳурот намуданд. Парлумон қарори президентро бекор кард ва талаб намуд, ки ба истеъфо равад. Дар робита ба ин қазия вазири дифои Кореяи Ҷанубӣ истеъфо дод.
Иқдоми ҳолати ҳарбӣ дар Кореяи Ҷанубӣ охирин маротиба дар соли 1980 ҷорӣ шуда буд. Аз он сол то ба имрӯз чунин ҳолат ба вуҷуд наомадааст. Тасмими президент ба вокуниши шадиди мардум рӯ ба рӯ шуд ва дар натиҷа ҳолати сиёсӣ дар ин кишвар ноором гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”