Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Буҷети давлатӣ қабул шуд: он нисбат ба соли гузашта 15, 4 % зиёд аст
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷети соли 2025 – ро тасвиб кард. Ҳаҷми буҷети давлатии соли 2025 49, 6 миллиард сомонӣ (беш аз 4, 5 миллард доллар) пешбинӣ шудааст. Тасдиқи буҷети соли 2025 нисбат ба соли 2024 6, 6 миллиард сомонӣ ё 15, 4 фоиз зиёд аст. Дар қонуни буҷети соли 2025 хароҷоти буҷет 51, 6 миллиард сомонӣ, яъне 2 миллиард сомонӣ бештар мебошад.
Қобили зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” –ро рӯзи 4-уми декабр парлумони Тоҷикистон тасдиқ кард. Дар ин бора сомонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Сомонаи Маҷлиси намояндагон меафзояд, ки дар ҷаласаи рӯзи 4-уми декабр ба ғайр аз масъалаи тасдиқи буҷети давлатӣ барои соли 2025, ҳамчунин, дурнамои нишондиҳандаи буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027 низ баррасӣ шудааст.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни шарҳи қонуни буҷети давлатӣ таъкид намудааст, ки дар соли оянда даромади буҷет аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин таъмин карда мешавад:
-22,7 миллиард сомонӣ аз ҳисоби андоз (20,4 фоиз зиёдтар нисбат ба соли 2024)
-10, 4 миллиард сомонӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ (23, 4 фоиз зиёдтар нисбат ба соли 2024)
-1,2 миллиард сомонӣ аз ҳисоби воридоти пардохтҳои ғайриандозӣ (34, 4 зиёдтар нисбат ба соли 224)
-11, 2 миллиард сомонӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ (60 фоиз аз ҳисоби грантҳо ва 40 фоиз аз ҳисоби қарзҳо)
Вазири молия ҳамчунин, таъкид кардааст, ки нақшаи қисми хароҷоти давлатӣ дар соли 2025 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 51, 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Зиёд будани хароҷот қариб 2 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”