Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Баҳс ҳал шуд. Тоҷикистон ва Қирғизистон ба баҳсҳои марзӣ нукта гузоштанд
Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи аломатгузории сарҳади давлатиро пурра ҳал карданд. Санади имзошуда ба парлумони ду кишвар фиристода мешавад ва баъди имзои раҳбарони ду кишвар ҳукми қонунӣ пайдо мекунад.
Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Бодканди вилояти Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҷониби Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.
Ҳамраисони ҳайати ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев рӯзи чоршанбе оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ҷаласа доир карданд. Дар ин бора КДАМ-и Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мувофиқа расиданд ва муайян кардани қитаъҳои боқимондаи сарҳади давлатии ду кишварро пурра ба анҷом расониданд.
Ба ҳайатҳои кории ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супориш дода шуд, ки раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии делимитатсияро пурра оғоз намуда, ба анҷом расонанд.
Сухангӯи раиси вилояти Суғд ба ВАО иттилоъ дод, ки муйян кардани қитъаҳои боқимондаи сарҳад пурра ба анҷом расид ва гурӯҳҳои корӣ дастур гирифтанд, ки раванди таҳияи асноди ниҳоии делимитатсияро оғоз кунанд.
“Бо итминони комил гуфта метавонам, ки масъалаи аломатгузории марзи давлатӣ байни ду давлат тақрибан ҳал шуд. Ба роҳбарони комиссия оид ба масоили сиёсию ҳуқуқӣ супоришҳои дахлдор дода шуд, ки ин масъаларо то охир кор карда ба анҷом расонанд” – таъкид кард раиси КДАМ генерал Саймумин Ятимов.
Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марзи муштарак дорад. Баъди пошхӯрии Шӯравӣ, ки баъзе қитаъи сарҳад номуаян боқӣ гузошта шуда буданд, боиси баҳс ва даргириҳои байни ду кишвар гардид. Дар ниҳоят, баъди ба президент интихоб шудани Содир Ҷаборов масъалаи мушаххас намудани қитъаҳои боқимондаи сарҳад баррасӣ гашт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”