Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Тоҷикистон мехоҳад, ки сохтану навохтани Рӯбоб ва ҷашни Меҳргонро ба ЮНЕСКО дохил кунад
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ҷашни Меҳргон ва санъати сохтану навохтани рӯбоб ба номинаи муштараки рӯйхати Феҳристи мероси ғайримодии башарият дар ЮНЕСКО ворид карда шавад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 2-юми декабр дар шаҳри Асунсони Парагвай ҷаласаи 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО оғоз гардида ва то 7-уми декабр идома меёбад.
Дар ҷаласаи Кумита намояндагон аз кишварҳои узви Конвения ва Тоҷикистон низ ширкат доштаанд. Тоҷикистон дар ҷаласа пешниҳод кардааст, ки ҷашни Меҳргон ва санъати сохтану навохтани рӯбоб ба унвони мероси ғайримодии ЮНЕСКО пазируфта шавад.
Ҷашни Меҳргон ҳар сол дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Он чун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиату меҳнати деҳқон ва арҷгузорӣ ба ваҳдати инсон ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2009 дар бораи эҳёи ҷашни Меҳргон қарор қабул кард ва онро ба рӯйхати идҳои расмӣ дохил намуд.
Рӯбоб сози мусиқии миллӣ аст, ки дар Тоҷикистон корбурди васеъ дорад. Дар Тоҷикистон санъати рӯбобсозӣ низ рушд кардааст, ки аз ҷониби ҳунармандон рӯбобҳои зебо ва хуб сохта мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”