Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Муҳриддин: “Фирдавсӣ таъриху фарҳанги азимро ба мо нишон медиҳад”
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки ҷиҳати ширкат дар 28-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ЭКО ба Эрон сафар кард, дар маросими боздид аз оромгоҳи Абулқосим Фирдавсӣ ёдовар шуд, ки ин шоири бузург фарҳангу таърихи азимро ба мо нишон медиҳад ва муаррифӣ мекунад.
Сироҷиддин Муҳриддин афзуда, ки Абулқосим Фирдавсӣ шахсияти ҷаҳонӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, Эрон ва Тоҷикистон таърих, адабиёт ва фарҳанги муштарак доранд: “Тамаддуни форсизабонон дар ҳеч куҷои дунё вуҷуд надорад ва мунҳасир ба фард аст, дар ҳоле ки дар замони сароиши “Шоҳнома” ба воситаи Фирдавсӣ бархе аз кишварҳо асосан дар ҷуғрофиё вуҷуд надоштанд”.
Тибқи хабари Ирна Сироҷиддин Муҳриддин ишора карда, ки дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон заминаи ҳузури мардуми Тоҷикистон дар Эрон ва ҳузури мардуми Эрон дар Тоҷикистонро зимни гуфтугӯ фароҳам хоҳад кард.
Сироҷиддин Муҳриддин дар дафтари ёддоштҳои оромгоҳи Абулқосим Фирдавсӣ эҳсоси боздид аз онро чунин тавсиф намуд: “Ба ман саодати бузурги зиёрати мақбараи Фирдавсии бузургвор даст дод, ки Худоро шукр мегӯям. Фирдавсӣ худовандгори “Шоҳнома” ва мояи ифтихору нозиши ҳама мардуми форсизабон аст. Вазифаи мост, ки “Шоҳнома” ва офаринандаи онро пос бидорем”.
Қобили ёдоварӣ аст, ки 28-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии узви кишварҳои ЭКО дар шаҳри Машҳад баргузор гардид, ки дар он ҳамкориҳои фарҳангиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”