Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Аввалин парвози хатсайри ҳавоӣ аз Душанбе ба самти Давҳаи Қатар оғоз шуд
Рӯзи 28-уми ноябр аввалин парвози хатсайри ҳавоии “Сомон-эйр” аз самти шаҳри Душанбе ба шаҳри Давҳаи Қатар оғоз гардид.
Тибқи гузориши “Сомон-эйр” ҳафтае як маротиба парвози ҳавоӣ аз ҷониби ин ширкат ба пойтахти Қатар, шаҳри Давҳа анҷом дода мешавад.
Гуфта мешавад, ки вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00, аз Давҳа соати 12:00 муқаррар шудааст. Соати парвоз аз Душанбе ба Давҳа 3 соату 50 дақиқа, аз Давҳа ба самти Душанбе 3 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.
Таъкид шудааст, ки хатсайри нави ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳаи Қатар бо дастур ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон-эйр” ба роҳ монда шудааст.
Қобили зикр аст, ки хатсайри ҳавоӣ миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Қатар бар асоси “Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ” аз 6-уми феврали соли 2017 ва Протоколи ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании Ҳукумати Давлати Қатар аз 22-уми апрели соли 2019” роҳандозӣ шудааст.
Боз шудани хатсайри нави ҳавоӣ байни Тоҷикистону Қатар боиси рушди муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо, аз ҷумла ҳамкории фарҳангӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва сайёҳӣ мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”