27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
30.11.2024 12:20

Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон дар ҷойи сеюм қарор гирифт

Тибқи раддабандии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар бахши “Беҳтарин макони сайёҳӣ аз ҷиҳати қабули сайёҳони хориҷӣ” аз моҳи январ то моҳи июли соли ҷорӣ Тоҷикистон аз рӯйи ҳисоби афзоиши теъдоди сайёҳон баъди Албания ва Сербия дар ҷойи сеюм қарор гирифт.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки раддабандии зикршуда дар доираи машварати омӯзишӣ дар шаҳри Бангкоки Таиланд эълон гардид.

Бар асоси раддабандии дигари Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистон дар самти “Бозорҳои беҳтарини сайёҳӣ аз рӯйи хароҷоти сайёҳии содиротӣ” бо афзоиши якбораи сайёҳии содиротӣ (420+) дар садри рӯйхати ин Созмон қарор гирифт. Баъди Тоҷикистон кишварҳои Сербия, Непал, Латвия, Ирландия, Туркия ҷойгир шудаанд.

Бояд зикр кард, ки дар машварати омӯзишӣ 41 нафар мутахассисону коршиносони соҳаи сайёҳӣ аз 30 кишвари Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором ширкат намуданд. Тоҷикистонро дар ин машварати омӯзишӣ Баҳрулло Муқимов намояндагӣ намуда, дар мавзӯи “Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои дурдаст” маъруза намуд.

Дар машварати омӯзишӣ намояндаи Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид Клавдиа Виейра таъкид намуд, ки соҳаи сайёҳӣ яке аз бахшҳои муҳимми иқтисоди миллӣ ва иҷтимоӣ дар Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором мебошад. Таъкид гардид, ки дар соли 2023 дар минтақаҳои зикршуда теъдоди сайёҳон ба 238 миллион нафар расид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.