Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Дар вилояти Хатлон Қоҳир Расулзода 30 иншооти гуногунро ифтитоҳ кард
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон рӯзҳои 26-27-уми ноябр барои шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонию созандагӣ ва ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ба вилояти Хатлон сафар кард.
Дар ҷараёни сафари корӣ дар марказ ва деҳоти ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Фархор ва шаҳри Кӯлоб беш аз 30 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Қобили зикр аст, ки аз 30 иншооти ифтитоҳнамудаи сарвазир Қоҳир Расулзода, 16 адади он ба соҳаи маориф рост меояд. Иншооте, ки дар соҳаи маориф бар ноҳияҳои вилояти Хатлон ба истифода дода шуд, дар ду басти таълимӣ 8 ҳазор хонандаро фаро мегирад.
Аз ҷумла, дар доираи сафар ба ноҳияи Фархор сарвазири мамлакат дар деҳаи ба номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ роҳи автомобилгардро, ки беш аз 7 километрро ташкил медиҳад, мавриди истифода қарор дод. Ҳамчунин, дар деҳоти Хуросони ноҳияи Фархор шуъбаи таваллуди беморхонаи рақами 3 ифтитоҳ гардид.
Дар деҳаи Себи сурхи ҳамин ноҳия Муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 53 ифтитоҳ гардид. Мактаб барои таълими 600 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он 10 синфхонаи таълимӣ, маркази инкишофи кӯдакон ва дигар шароити хуби таълимӣ муҳайё гардидааст.
Зимни сафари корӣ дар деҳаи Сурхоб бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67 мавриди истифода қарор дода шуд. Ба 36 оилаи деҳаи Хутан хонаҳои истиқоматӣ супорида шуд.
Зикр шуд, ки дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, таъмини бехатарӣ ва фароҳам сохтани шароити хуби зиндагӣ ба онҳо дар маркази таваҷҷуҳи сарвари давлат ва ҳукумат қарор дорад.
Дар деҳаи Сурхоб дар қатори бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ, бунгоҳи саломатӣ, роҳ ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ бо лоиҳаи сохтмони навсозии роҳи автомобилгарди Гулистон, Панҷ, Дӯстӣ, ки дарозиаш беш аз 139 километр мебошад, шинос гардид.
Тибқи иттилои дастрасгардида марҳилаи аввали сохтмони роҳи мазкур бо ҷалби 60 коргар ва техникаву механизмҳои роҳсозӣ идома дорад. Марҳилаи якуми лоиҳа сохтмони 29,6 километрро фаро мегирад. Сарвазири мамлакат аз сохтмончиёни роҳ хост, ки корҳои сохтмониро бо сифат анҷом диҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”