Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Иштирок ва суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи СААД
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа сарони кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Дабири кулли СААД иштрок намуданд.
Дар ҳамоиши навбатии СААД масъалаҳои вобаста ба вазъи низомию сиёсии ҷаҳон ва минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмон ва дурнамои рушди низоми амнияти дастаҷамъӣ, инчунин, рафти омодагиҳо ба таҷлили муштараки 80-солагии ҷашни Ғалаба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарони узви созмони СААД оид ба роҳҳои таҳким ва густариши робитаҳо дар доираи СААД бо дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва нақшаи чорабиниҳои Созмон дар соли 2025 табодули афкор намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши зикршуда таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба таъсири манфии шиддатёбии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон ба кишварҳои аъзои созмони зикршуда ҷалб намуда, дар ин бора, аз ҷумла чунин таъкид намуданд: “Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи имрӯза воқеияти кунуниро инъикос мекунанд ва мо ҷонибдори қабули қарорҳои муносиб доир ба онҳо ҳастем”.
Президенти Тоҷикистон аз қабули Барномаи байнидавлатии ҳадафманди СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш, сарони кишварҳо як қатор санадҳо, аз ҷумла Эъломияи Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, қарор дар бораи тасдиқи Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ғайраро тасвиб намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”