Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон: “Парчами давлатӣ ба разми ҳувияти миллӣ ва ҳифзи марзу бум табдил ёфтааст”
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ таъкид намуданд, ки ойини парчамдории халқи мо дар масири таърихи чандинҳазорсолаи он умеду ормон ва дастовардҳои мардуми сарбаланди тоҷик, яъне давраҳои гузаштаи давлатдории Тоҷикистони навиро таҷассум мекунад.
Сарвари кишвар таъкид намуданд, ки тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиён, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон чун рамзи пойдории давлатдории миллии мо инъикос ёфтааст, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, нангу номуси тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсоз ва соҳиби таърихи бостонӣ ба шумор меравад.
“Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, мояи ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум ба хотири ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва илҳомбахши ҳар як фарди ҷомеа барои заҳмати содиқона ба хотири фардои ободу осуда мебошад” – таъкид намуданд Президенти кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон, сарвари кишвар бо таъкиди ин нукта, ки таҳти Парчами давлатӣ ба дастовардҳои бузург, аз ҷумла ваҳдати миллӣ ва даврони созандагӣ расидем, афзуданд, ки ҳамин рамзи муқаддас сиёсати созандагиву бунёдкоронаро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардум кишвар пеш хоҳем бурд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад