Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Тоҷикистон ва Арабистон Саудӣ масъалаи тиҷорат, иқтисод, амният ва фарҳангро баррасӣ карданд
Дар даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ки дар шаҳри Риёз – пойтахти ин кишвар баргузор гардид, масъалаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, имлу фарҳанг ва амният баррасӣ гардид.
Ду ҷониб зимни нишаст вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои мутақобили судманди Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илму фарҳанг ва амниятӣ табодули афкор намуданд.
Дар ин мулоқот ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ низ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки дар ин музокироти сатҳи баланд ҷониби Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода намояндагӣ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”