27 Сентябр 2026,
якшанбе, 21:29, Душанбе
22.11.2024 13:18

Дар Афғонистон дар як сол 12 телевизион бо дастури Толибон баста шудааст

Маркази хабарнигорони Афғонистон дар Рӯзи ҷаҳонии телевизион эълон кард, ки тайи як соли охир 12 телевизион дар ин кишвар бо дастури гурӯҳи террористии Толибон баста шудааст.

Дар тадқиқоти Маркази хабарнигорони Афғонистон, ки чанд рӯз қабл нашр гардид, таъкид шудааст, гурӯҳи Толибон алорағми тасдиқи қонуни расонаҳои ҳамагонии Афғонистон ва эълони бархе тағйирот дар он ба бастани ВАО, аз ҷумла телевизион идома медиҳанд. Ин марказ таъкид мекунад, ки дастурамалҳои қабулнамудаи Толибон дар мавриди фаъолияти ВАО боиси маҳдудияти кори на фақат телевизионҳо, балки дигар ВАО дар ин кишвар мегардад.

Ба таъкиди ин марказ, манъи ҳузури занон дар телевизионҳо, манъи пахши барномаҳои телевизионҳои байналмилалӣ, пешгирӣ аз тасвирбардорӣ ва мусоҳибаи тасвирӣ, манъи гуфтугӯи зинда ва даъват накардан аз коршиносоне, ки мавриди тасдиқи гурӯҳи зикршуда нест, аз ҷумлаи дастурамалҳое ҳастанд, ки фаъолияи ВАО –ро маҳдуд мекунанд.

Маркази хабарнигорони Афғонистон, ҳамчунин, таъкид намудааст, ки дар ин муддат 30 хабарнигор боздошт шудаанд ва аз теъдоди боздоштшудагон 7 нафар ҳамчунон дар зиндон ба сар мебаранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.