Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон: ҳар як шаҳру ноҳия бояд мактаби мусиқӣ дошта бошад
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафар ба вилояти Суғд таъкид намуданд, ки дар ҳар шаҳру ноҳия бояд як омӯзишгоҳи мусиқӣ сохта шавад. Дар зимн Сарвари давлат хостанд, ки тамоми муассисаҳои фарҳангӣ то фаро расидани ҷашни Наврӯзи соли 2025 бояд навсозӣ шаванд.
Президенти кишвар дар сафар ба вилояти Суғд ҳамчунин, таъкид намуданд, ки дар 10 моҳи ахир 52 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ дар Тоҷикистон сохта ва ба истифода дода шуд.
“Супориш дода шуд, ки роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он барои таъмири муассисаҳои фарҳангии таъмирталаб ва садамавӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ин робита, аз ҷумла таъкид гардид, ки ҳар як шаҳру ноҳия бояд мактаби мусиқӣ дошта бошад. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки то Наврӯзи соли 2025 ҳамаи муассисаҳои фарҳангии нуқсондошта тармим карда шавад” – менависад Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.
Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд ба ҳамаи соҳибкорони вилоят, ки дар корҳои созандагию ободонӣ нақши намоён доранд, арзи сипосу қадрдонӣ карда, изҳори умед намуданд, ки мардуми сарбаланди вилояти Суғд ва ҳама кишвари азизамон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол хоҳанд гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”