Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Баргузории Фестивали асал, картошка ва анор бо ҳузури президент дар Суғд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми ноябр дар Фестивали асал, картошка ва анор, ки дар вилояти Суғд баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар фестивали мазкур меваҷот, сабзавот, ғалладонагӣ, биринҷ, хушкмева, асал ва дигар навъу намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро деҳқонони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба намоиш гузоштанд, ки баёнгари фаровонии ҳосил дар соли 2024 мебошад.
Сарвари кишвар таваҷҷуҳи масъулини соҳаи дахлдори соҳа ва кишоварзонро ба истифодаи васеи имкониятҳои шаҳру ноҳияҳои кӯҳии вилоят барои истеҳсоли асал, баланд бардоштани маҳсулнокии занбӯр тавассути хушзоткунӣ, афзоиши истеҳсоли ин намуди маҳсулоти ғизоию табобатӣ ва муаррифии фазилатҳои асали Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷалб карданд.
Таъкид шуд, ки дар доираи “Барномаи маҷмуавии рушди бахшҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2023-2027” аз тарафи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба занбӯрпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят 520 оилаи занбӯри асал ва 400 модарзанбӯри зотӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва беҳтар кардани зот дастрас шудааст.
“Сарвари давлат бо назардошти шароити кунунии иқлим ва зиёдшавии талабот ба маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолии ҷаҳон дар шаҳру ноҳияҳои асосии картошкапарварии вилоят – Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон ва Деваштич истифодаи пурраи имкониятҳои табиӣ, омӯзиши технологияи муосир ва дар истеҳсолот ҳарчи бештар ҷорӣ кардани таҷрибаи муосири кишту парвариши ин намуди сабзавотро зарур донистанд.” – менависад Хадамоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Фестивали асал, картошка ва анор ҳамчунин, навъҳои гуногуни маҳсулои нонӣ, таомҳои миллӣ намоиш дода шуд. Ҳунармандони моҳири вилоят чапотӣ, қалама, кулча, самбӯса, оши палав, буридаю туппа, қурутоб ва дигар намуди маҳсулоти нонию таомро пешниҳод намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”