27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
21.11.2024 10:00

Ҳайати Тоҷикистон бо мақомоти Сингапур ҷалби сармоягузориро баррасӣ карданд

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо президенти Ҷумҳурии Сингапур Тарман Шанмугаратнам мулоқот намуда, масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Ҷонибҳо дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапурро мавриди муҳокима қарор дода, самтҳои афзалиятноки муносибатҳои иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, канданиҳои фоиданок, молия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, бонкдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар бахшҳои гуногунро зикр намуданд.

Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин, масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Сингапур дар пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳониро баррасӣ намуда, баргузории Конфронси СММ оид ба масъалаҳои обро дар шаҳри Душанбе дар соли 2028 барои тақвият бахшидани масъалаи об муҳим арзёбӣ намуд.

Султон Раҳимзода дар фарҷоми мулоқот аз Тарман Шанмугаратнам барои ҳамкорӣ дар самти зикршуда изҳори сипос намуда, ӯро барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.