27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
18.11.2024 11:06

Эмомалӣ Раҳмон 1 Мактаб-интернат ва 4 мактаби таҳсилоти умумиро ифтитоҳ намуданд

Дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Истаравшан президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои таълимӣ ва мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд.

Бинои мактаб-интернат дар чорчӯби сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи гурӯҳи соҳибкорон бунёд шуда, дар доираи он дастрасии ятимон бо таҳсили босифат таъмин мегардад.

Бинои таълимӣ бо 16 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти хониш бо тарҳи муосир сохат шуда, барои 520 нафар шароити хуби таҳсил фароҳам шудааст.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва анъанавӣ, кабинетҳои фаннӣ, синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба ташаккули донишу маънавиёти хонандагон мусоидат менамояд.

Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид ва таълиму тарбия дар Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ба гурӯҳи соҳибкорон изҳори сипос намуда, иқдоми онҳоро намунаи олии инсондӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлат маънидод намуданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари кишвар аз тариқи фосилавӣ 4 иншооти дигари соҳаи маорифро, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷекент ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.