27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
15.11.2024 18:17

Далер Ҷумъа: “Дар 30 соли охир беш аз 1000 пиряхи барои минтақа муҳим аз байн рафтааст”

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба пешбурди рӯзномаи кӯҳӣ ва навсозии мавзӯи кӯҳҳо ва тағйирёбии иқлим, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Далер Ҷумъа дар ин нишасти муҳим таъкид кард, ки Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ буда, 93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил дода, нисфи ҳудуди кишварро баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр фаро мегирад. Ӯ таъкид намуд, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз ҳисоби пиряхҳои Тоҷикистон ҳосил мешавад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ҳамчунин, таъкид кард, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон зиёда аз 24 қуллаи баландиаш беш аз 6000 метр мавҷуд аст, ки онҳо манбаи маъданҳои фоиданок, ҷангалҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ буда, макони пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳо мебошанд. Шаш фоизи ҳудуди ҷумҳуриро пиряхҳо дар бар мегиранд, ки байни онҳо пиряхи Ванҷях машҳур мебошад.

Далер Ҷумъа дар ин нишаст обшавии босуръати пиряхҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба раванди ҷаҳонии ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ донист: “Дар 30 соли охир аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон беш аз 1000 пиряхи барои тамоми минтақа муҳим аз байн рафтааст. Раванди зуд обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши офатҳои табиӣ ва вайроншавии экосистемаи обӣ гардид”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.