Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Меваҳои тару тозаи Тоҷикистон дар Швейтсария ба намоиш гузошта шуд
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Жинева Шараф Шерализода дар ҷаласаи 79-уми Гурӯҳи кории Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) оид ба стандартҳои сифати маҳсулоти кишоварзӣ иштирок намуд.
Аз сафорати Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, ки Шараф Шерализода оид ба дастовардҳои соҳа ва имкониятҳои рушди ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла бартараф намудани монеаҳои техникӣ, содагардонии расмиёти савдои маҳсулоти кишоварзӣ тавассути ташкили донлонҳои “сабз” ва таъсиси марказҳои логистикӣ, зарурати ҷорӣ намудани стандартҳо ва ҳамгироии онҳо суханронӣ намуд.
Дар поёни нишаст намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии кишварҳо баргузор гардид ва дар он меваҳои тару тоза ва хушкмеваҳои Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”