Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ
Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Cаммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот Сарвари давлат таъкид намуданд, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад.
Ҳамчунин, густариши ҳамкории сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар меҳвари гуфтугӯи дуҷониба қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки мунтазам баргузор намудани нишастҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ бар суди кор хоҳад буд.
Ҳамчунин, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, дорусозӣ, инчунин, энергетика ва кишоварзӣ имкониятҳои мавҷуд барои ҳамкории дуҷониба аст. Ҷонибҳо бунёди марказҳои логистикии муосир, корхонаҳои логистикии муосир, корхонаҳои муштараки саноатӣ ва ғайраро амри зарурӣ донистанд.
Дар ин мулоқот роҳандозии хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе аз моҳи марти соли 2023 натиҷаи хуб барои густариши робитаҳои судбахш арзёбӣ гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”