Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд мулоқот намуданд
Рӯзи 12-уми ноябр президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асагава мулоқот намуданд.
Дар ин мулоқот таъкид шуд, ки дар тӯли 26 соли гузашта Бонки Осиёии Рушд 158 лоиҳаи барои кишвари мо муҳимро дар самти инфрасохтори энергетикӣ ва соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, молия ва маориф маблағгузорӣ кардааст.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва дарёфти роҳҳои коҳиш додани онро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки ҷудо намудани маблағҳои грантӣ аз ҷониби шарикони рушд барои дастгирии равнади ислоҳот, буҷети давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ба манфиати кор хоҳад буд.
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ барои рушди соҳаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла саноату кишварзӣ ва соҳаи гидроэнергетика аз мавзуоти дигар мулоқоти дуҷониба буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”