Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Президент дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ кӯдакистони №6 – ро ифтитоҳ намуд
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми ноябр дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №6 –ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мактаби мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он баҳри таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас шароит фароҳам оварда шудааст.
Мактаби нав дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба пешвози 35 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муҳлати 1 сол бунёд шуд.
Президенти кишвар зимни шиносоӣ бо шароити бинои навсохти соҳаи маориф ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, парасторонро барои дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас ва истифодаи ҳама имкониятҳо дастуру супоришҳо доданд.
Дар муассисаи томактабии мазкур 6 гурӯҳи таълимӣ бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ таълим хоҳанд гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад