Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи амният тақвият медиҳанд
5 ноябри соли 2024 дар шаҳри Эль-Кувайт вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Хакала мулоқот кард.
Муколама дар майдонҳои конфронси байналмилалии сатҳи баланд бо номи "Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм ва ташкили механизмҳои самараноки амнияти марзҳо-марҳилаи кувайтии Раванди Душанбе" баргузор гардид, хабар медиҳад вазорати корҳои хориҷии ҶТ.
Масъалаҳои таҳкими робитаҳои дуҷонибаи сиесӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва баррасии пешрафт дар татбиқи лоиҳаҳои дахлдори Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба хавфҳо ва чолишҳои амниятӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор карданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”