Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ШУҒЛ ВА МУҲОҶИРАТИ КОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
5-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Сеул - пойтахти Кореяи Ҷанубӣ Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Лим Син Мук, ноиби президент оид ба масъалаҳои қувваи кории хориҷӣ ва шуғли ҷаҳонии Хадамоти рушди захираҳои инсонии Кореяи Ҷанубӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додаанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкорӣ дар доираи ёддошти тафоҳум, ки миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Кореяи Ҷанубӣ баста шудааст, баррасӣ гардид.
Ду ҷониб масъалаи асосии фиристодан ва қабул кардани муҳоҷирони кории тоҷик ба Кореяи Ҷанубиро дар доираи низоми иҷозатномадиҳии меҳнатӣ (EPS) баррасӣ карданд.
Ҳар ду тараф доир ба таъсиси Маркази низоми иҷозати кор дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мубодилаи афкор намуданд.
Омодагӣ ба идомаи муколама ва татбиқи қадамҳои амалӣ барои беҳтар намудани шароити кору ҳифзи муҳоҷирон тасдиқ карда шуд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”