27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
03.11.2024 16:57

Тоҷикистон ва Озарбойҷон масъалаҳои экологияро дар Колумбия баррасӣ карданд

Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мухтар Бабаев, вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон, президенти Конфренсияи 29-уми тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим масъалаҳои экология ва муҳити зистро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мулоқоти мазкур дар доираи Конфронси 16-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ва баргузории Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлимро, ки дар нимаи моҳи ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мегардад, баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо таъкид карданд, ки талошҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар татбиқи Конвенсияҳо оид ба гуногунии биологӣ ва мубориза бо биёбоншавӣ иқдоми шоиста аст.

Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷонро барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, расман даъват намуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.