Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон аз рушди хавфноки вазъият дар Ховари Миёна нигаронӣ кард
Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви БРИКС, ки дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии худмухтори Тотористони Федератсияи Русия баргузор гардид, аз рушди бениҳоят хавфноки вазъият дар Ховари Миёна ва авҷ гирифтани низоъҳо, ки боиси талафоти бузург шудаанд, изҳори нигаронӣ карданд.
Сарвари давлат оид ба равандҳои хатарангези сиёсӣ, таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, тундгароӣ, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ суханронӣ намуда, афзуданд, ки “Тоҷикистон пайваста ҷонибдори густариши ҳамкорӣ бо тамоми ширикони байналмилалӣ дар мубориза бо ин таҳдиду хатарҳо мебошад”.
Дар ин нишаст президенти кишвар таъкид намуданд, ки “Раванди Душанбе” дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он ҳамкориҳои бисёрҷониба ба роҳ мондааст. Таъкид гардид, ки ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳо бояд бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал шаванд.
Сарвари давлат дар суханронии худ оид ба тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои фоҷеабори он андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки моҳи майи соли 2025 Тоҷикистон тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор намудани конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифтааст ва аз сарони давлатҳо хост, дар ин чорабинии муҳим иштирок намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”