Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои омода кардани мутахассисон технологияҳои VR ҷорӣ карда шуд
Дар доираи лоиҳаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудоифаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, ки ба беҳтар намудани омодагӣ ва муҳофизат аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, барои тайёр кардани мутахассисон (наҷотдиҳандагон) таҷҳизоти воқеияти виртуалӣ (VR) харида шуд. Дар ин бора аз КҲФ хабар доданд.
Гуфта мешавад, вазифаи асосии таҷҳизоти харидашуда ташкили тренингҳои омӯзишӣ барои кормандони КҲФ мебошад, ки дар бартараф кардани оқибати ҳодисаҳои фавқулода иштирок мекунанд. Омӯзиши наҷотдиҳандагон бо истифода аз технологияҳои VR дар Маркази миллии таълимӣ ҳанӯз идома дорад.
Дар давоми омӯзиш кормандони КҲФ имконият пайдо карданд, ба фазои виртуалӣ, ки дар он ҳолатҳои гуногун, ба монанди сӯхтор, заминларза ва обхезиҳо оварда мешаванд, ворид шаванд. Истифодаи воқеияти виртуалӣ ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки малакаҳои худро сайқал дода ва дар шароити ба воқеият наздиктарин қарорҳои дуруст қабул намоянд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”