Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон мулоқот кард
24-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Қазон дар доираи саммити "БРИКС+" Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов мулоқот кард. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар доданд.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки масъалаҳои ҳамкорӣ бо минтақаҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла Тотористон ҳамеша дар доираи шарикии стратегӣ бо Русия дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд.
Айни замон, Тотористон дар гардиши мол байни Тоҷикистон ва Русия беш аз 50 миллион доллар саҳм гузоштааст. Таъкид гардид, ки ин нишондиҳанда метавонад бо назардошти имкониятҳои мавҷуда зиёд карда шавад.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Тотористонро баррасӣ намуда, ба рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, металлургия, истихроҷи маъдан, нафту газ, кимиё, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва сохтмон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Қарор шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, кишоварзӣ, сайеёҳӣ, инчунин, дар соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ бо таваҷҷуҳ ба ташаббусҳои таълимӣ тақвият дода шавад.
Илова бар ин, ҷонибҳо дар масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муколамаи созанда анҷом доданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”