Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
ТОКАЕВ: РУСИЯ АЗ ҶИҲАТИ НИЗОМИ ШИКАСТНОПАЗИР АСТ
“Тавре, ки ман дар гуфтугӯ бо канслери Олмон Шолтс гуфтам, Русия аз ҷиҳати низомӣ шикастнопазир аст. Ин як далелест, ки ҳам бо иқтидори низомии Русия ва ҳам бо дастгирии аҳолии ин кишвар аз сиёсати президент Путин ва таърих тасдиқ мешавад. Аз ин рӯ, мо зарур мешуморем, ки имконоти ҳалли сулҳро ҷустуҷӯ кунем ва нақшаҳои воқеии ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла Чину Бразилияро дастгирӣ кунем. Роҳи дигаре нест” – таъкид кард Токаев.
Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт-Токаев, ки дар ҷаласаи умумии "Astana Think Tank Forum" суҳбат мекард, афзуд, ки “ҷанг хусусияти нобудсозии дутарафаро дорад”.
“Шояд баъзе неруҳои ҷаҳонӣ ба ин таваҷҷуҳ дошта бошанд, аммо ин роҳ варта аст. Талош барои сулҳ тавассути музокироти созанда нишонаи заъф нест, балки зуҳуроти оқилонаи стратегӣ аст” - таъкид кард президенти Қазоқистон.
Президенти Қазоқистон дар мулоқот бо канслери Олмон Олаф Шолтс, ки ба Қазоқистон ташриф оварда буд, мағлубнопазир будани Русияро таъкид кард. Ӯ дар мулоқот таъкид кард, ки имконияти барқарор шудани сулҳ бо радди тавофуқи Истанбул аз байн рафт.
Манбаъ: centralasia.media
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”