Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ СУПОРИШ ДОД, КИ 4700 ПУЛ ТАЪМИР ШАВАД
Бар асоси барномаи сесолаи Ӯзбекистон бояд 4700 пулҳои ниёзманди навсозӣ дар ин кишвар таъмир карда шавад.
16-уми октябр президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни муаррифии корҳои анҷомдодашуда дар соҳаи сохтмони роҳ супоришҳои лозимаро ироа намуд.
Тибқи таҳлили Созмони Милали Муттаҳид роҳҳои босифат рушди иқтисодии Ӯзбекистонро ҳадди аққал 2 фоиз зиёд мекунанд.
Бар асоси иттилои Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, имрӯз бо ҳамкории созмонҳои байналмилалии молиявӣ шаш лоиҳаи азнавсозии 729 километр роҳ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони қитъаи 240 километрии роҳ, ки шаҳрҳои Кунград ва Бейнеуро бо ҳам мепайвандад, ба анҷом расонида шаванд.
Илова ба ин, қисмҳои алоҳидаи роҳҳои Гулистон-Андиҷон, Душанбе-Тирмиз, Бухоро-Туркманбошӣ ва Ургенҷ-Хазарасп аз таҷдид мегузаранд. Президент, инчунин, зарурати суръат бахшидани лоиҳаҳои сохтани роҳҳои пулакӣ байни Тошканд-Самарқанд ва Тошканд-Андиҷонро бо қитъаҳое, ки сатҳи баланди трофикӣ доранд, таъкид кард: “Бо назардошти мавқеи ҷуғрофиёии Ӯзбекистон роҳҳои байналмилалӣ дар тиҷорати хориҷӣ аҳамияти калон доранд. Аз ин рӯ, роҳҳои 4 ҳазор километрии мо, ки Андиҷон-Кунград ва Тирмиз-Тошкандро ба ҳам мепайвандад, бояд ба стандартҳои баландтарин посухгӯ бошанд."
Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 2023 дар ҷаласаи парлумонии ин кишвар хабар дода шуд, ки дар Ӯзбекистон 14 863 пул мавҷуд аст: аз онҳо 4834 (32%) дар ҳолати ғайриқаноатбахш ва 5-6% дар ҳолати номувофиқ қарор дорад.
Манбаъ: радиои "Озодлик"
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”