27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
18.10.2024 12:53

Ярмаркаи фурӯши маваҷоти Тоҷикистон дар Павлодари Қазоқистон

Тоҷирони Тоҷикистон дар минтақаи Павлодари Қазоқистон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти маваҷоти Тоҷикистонро ба роҳ мондаанд. Тибқи иттилои хабаргузории “Казинформ” иқдоми мазкур дар доираи таҳкими равобити иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон сурат мегирад.

Маваҷот барои фурӯш дар ярмарка аз Тоҷикистон оварда шудааст ва 15 – 20 дарсад аз нархи бозор арзонтар фурӯхта мешавад. Тоҷирон таъкид кардаанд, ки  фурӯши маваҷоти Тоҷикистонро дар бозорҳои Қазоқистон зуд-зуд ташкил мекунанд.

Ярмарка аз 16 то 18-уми октябр давом мекунад ва дар он навъҳои ангур, тарбуз, харбуза, шарбатҳои табиӣ ва дигар навъҳои меваҷот ба фурӯш гузошта хоҳад шуд.

Намояндагони Тоҷикистон гуфтаанд, ки Павлодар аввалин нуқтаи ташкили ярмарка аст ва ният доранд, дар минтақаҳои Караганда, Остона, Кокшетау низ чунин иқдомро ба роҳ монанд.

 “Мо ҳангоми фурӯш танҳо хароҷоти боркашониро илова мекунем. Ҳафтаи оянда ният дорем, ки лимӯ, хурмо, анору себ биёрем. Мо инчунин, бозорҳои Павлодарро гашта, маълум мекунем, ки ба кадом молҳо эҳтиёҷ доранд. Мардум аз мо мехаранд, аз сифати он қаноатманд ҳастанд ва ба мо ташаккур мегӯянд» - мегӯяд Илҳом Холов, деҳқон аз Тоҷикистон.

Раёсати соҳибкорӣ  ва кишоварзии шаҳри Павлодар ба Казинформ гуфтааст, ки дар аввал ярмарка ҳамчун чорабинии якдафъаина дар назар гирифта шуда буд, вале ба эҳтимоли зиёд он дар оянда ба як чорабинии муқаррарӣ табдил ёбад.

“Дар доираи ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Қазоқистону Тоҷикистон кишоварзон ба вилояти Павлодар барои ташкили савдо бидуни миёнрав даъват шуданд. Мо ин корро ҳар ҳафта ташкил мекунем. Рӯзҳои панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе” – гуфтааст, Асел Кенжалина мудири бахши соҳибкорӣ ва кишоварзии шаҳри Павлодар.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.