Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон бо вазири фарҳанги Қатар мулоқот кард
17 октябри соли 2024 Дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вазири фарҳанги Қатар, шайх Абдураҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим Ал-Тани мулоқот кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад.
Дар доираи мулоқот масъалаҳои рушд ва таҳкими робитаҳои дӯстона ва бародарӣ дар сатҳи байнидавлатӣ баррасӣ шуданд.
Президенти Тоҷикистон қайд кард, ки аз оғози муносибатҳои дипломатӣ миени кишварҳо 30 сол сипарӣ гардида, аҳамияти робитаҳои фарҳангиро ҳамчун ҷанбаи муҳими ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Ҷонибҳо қайд карданд, Ки гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги қатар дар Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва бародарӣ мусоидат мекунад.
Ҳамчунин ҳамкории байни муассисаҳои тадқиқотӣ дар соҳаҳои фарҳангӣ ва таълимӣ, додани стипендия ба донишҷӯен дар донишгоҳҳои ҳарду кишвар ва ташкили лоиҳаҳои муштараки кино баррасӣ карда шуд.
Илова бар ин, ҷонибҳо дар масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн муколамаи самарабахш доир карданд.
Едовар мешавем, Ки Аз 16 то 18 октябри соли 2024 Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар Баргузор мешаванд, ки дар доираи онҳо чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла намоишгоҳҳо ва намоишҳои филмҳо ташкил карда мешаванд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад