Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Оғози фаъолияти хатсайри нави автобус миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон як хатсайри нави мусофирбарӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон ба фаъолият оғоз кард.
Хатсайри нави автобус аз шаҳри Олмалиқи вилояти Тошканди Узбекистон ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон рафтуомад хоҳад кард.
Хатсайри нави автобус аз ҷониби ширкати узбекистонии "Olmaliq Isuzu Trans" ва ширкати тоҷикистонии "Khujand Trans Service" ташкил ва дар асоси шартномаи тарафайн фаъолият хоҳад кард.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт масофаи ҳаракати автобус миёни шаҳри Олмалиқи Узбекистон ва Хуҷанд 7 соат аст: “Нархи роҳкиро 60 ҳазор сӯми узбекиро ташкил медиҳад. Автобуси бозгашт аз Хуҷанд рӯзи дигар соати 10: 00 ҳаракат мекунад ва соати 15:00 ба Олмалиқ мерасад. Нархи роҳкиро 60 сомонӣ мебошад” – таъкид шудааст, дар иттилоияи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад